- мижа
- [مژه]мӯи канори пилки чашм; мижа задан беихтиёрона ва зуд-зуд мижаҳоро ба ҳам бастан ва кушодан (аз тарс, ҳайрат ва ғ.); мижа назада а) чашм напӯшида; нахобида; бедор; б) киноя аз чашм наканда; зеҳн монда, бо диққат: мижа назада нигоҳ кардан, мижа назада чашм дӯхтан; мижа ба мижа назадан хоб накардан; хоб набурдан; бедор будан◊ дар як мижа задан дар як лаҳза, дар як дам; дарҳол; мижа таҳ кардан каме хобидан; мижа хам накардан а) ҳеҷ нахобидан, мижа таҳ накардан; б) натарсидан; парво накардан: мижа хам нахӯрдан а) тарсе ба дил роҳ надодан, натарсидан; б) парво накардан; эътибор надодан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.